Занҷираи корҳои хайр

Вақте ташхиси Шаҳло Раҳмонова нишон дод, ки ӯ ба бемории сили ба доруворӣ тобовар гирифтор аст, зиндагии ӯ якбора тағйир ёфт. Тасаввуроти ғалати ҷомеа дар бораи бемории сил Шаҳлоро ба таъна ва табъиз дучор кард. Аммо, ӯ кӯшид, то неру пайдо карда бошад ва дигаронро барои мубориза бо бемории сил илҳом бахшад. Бо дастгирии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Шаҳло ба некӯаҳволии ҷомеаи худ саҳмгузор шуд ва ба дигарон умедбахш гадид.

Шаҳло ва фарзандони ӯ.

Шаҳло Раҳмонова аз ноҳияи Норак, Тоҷикистон 32-сол дошта, модари ду фарзанд аст. Волидони Шаҳло издивоҷи ӯро чун анъанаи маъмул дар Осиёи Марказӣ худашон ташкил карданд.

Солҳои аввали издивоҷ ӯ хушбахт буд, зиндагии онҳо пур аз муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигар буд. “Пас аз як сол аз тӯйи арӯсӣ ман нахустин тифли худ – духтарамро ба дунё овардам ва сипас соҳиби писар шудам. Шавҳари ман муҳоҷири меҳнатӣ буд, ки ҳар тобистон барои кор ба Русия мерафт”.

Тирамоҳи соли 2019 Шаҳлоро сулфаи ташвишовар ором намегузошт. Вай барои машварати тиббӣ ба маркази табобати сил дар минтақаи худ муроҷиат кард ва моҳи ноябр натиҷаи ташхиси ӯ ҳаёташро комилан тағйир дод. Шаҳло гирифтори сили ба доруворӣ тобовар будааст.

Ташхис ва табобат дар Беморхонаи марказии табобати бемории сил.

Сипас Шаҳлоро ба Беморхонаи марказии сил фиристоданд, ки дар он ҷо вай дар бораи ин беморӣ, нишонаҳо ва табобати он маълумот пайдо кард. Ӯ фаҳмид, ки намудҳои гуногуни сил мавҷуданд ва ӯ шифо хоҳад ёфт, аммо танҳо дар сурати риоя кардани реҷаи табобат.

Вале пас аз ташхис ҳаёти Шаҳло тағйир ёфт. Шавҳари ӯ дар натиҷаи фишор аз сӯи хешовандонаш ба зудӣ ӯро партофт ва Шаҳло бо ду фарзандаш танҳо монд. Ба ӯ лозим буд, ки се моҳ дар беморхона табобат гирад, аммо бинобар вазъи ноустувори оилавӣ ӯ маҷбур шуд табобатро дар хона идома диҳад, ки он ҷо аксар вақт мавриди таъна ва маломати аҳли ҷомеа қарор мегирифт. Мутаассифона, сокинони маҳалла ӯро дастгирӣ намекарданд.

“Ташхиси ман ба ҳамагон маълум гардид ва ҳама ба ман бо нафрат муносибат мекарданд. Гарчанде ман ниқоб мепӯшидам ва хӯрокро алоҳида мехӯрдам, аммо ҳама аз ман ор мекарданд”.

Дар Тоҷикистон бар асари маълумоти маҳдуд дар бораи сил гирифторони ин беморӣ ба доғгузорӣ дучор мешаванд. Шаҳло кӯшиш кард, то ба аҳли оилаи худ фаҳмонад, ки вай акнун дору истеъмол мекунад ва дигаронро сироят намекунад, аммо ба ҳар ҳол ба табъиз дучор мешуд. Ӯ ва фарзандонаш маҷбур шуданд, ки ба хонаи волидонаш кӯчанд.

Набуди маълумот ва таҷрибаи ками корӣ ба Шаҳло имкон намедод, ки ҷои кор пайдо кунад. Ӯ намедонист, ки чӣ гуна зиндагии худро тағйир диҳад ва ба пеш ҳаракат намояд. Моҳи июли соли 2020 ӯ бо машваратчии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ вохӯрд. Ин лоиҳа барои Шаҳло ва дигар шахсони гирифтори сил машғулиятҳои иттилоотӣ пешниҳод намуд, то ки онҳо таҷрибаи худро дар бораи ин беморӣ байни ҳамдигар мубодила кунанд. Пас аз иштирок дар ин барнома Шаҳло бо дигар одамон суҳбат карданро оғоз кард ва онҳоро барои риояи реҷаи табобат ташвиқ менамуд. Лоиҳа ҳамкории фаъолонаи Шаҳлоро бо дигар иштирокчиён ва ҳаваси ӯро барои рӯҳбаланд кардани дигарон ҷиҳати мубориза бо бемории сил мушоҳида кард ва баъдтар ба ӯ имкон пешниҳод намуд, то ҳамчун машваратчӣ дар лоиҳаи мазкур фаъолият намояд. Ҳоло Шаҳло як маслиҳатчии раҳмдил барои дигар беморони сил дар ҷомеаи худ мебошад ва онҳоро дар раванди табобати душвори ин беморӣ роҳнамоӣ мекунад.

Шаҳло дар тренинг оид ба паст кардани доғгузорӣ ва табъиз иштирок мекунад. Ҳоло ӯ як машваратчии фаъол мебошад, ки ба дигар гирифторони бемории сил кӯмак мерасонад.

“Кӯмаке, ки лоиҳа ба ман расонид, ба ман умед бахшид ва ман дарк кардам, ки танҳо нестам”, -мегӯяд Шаҳло.

Дере нагузашта натиҷаҳои ташхиси миёндаврии Шаҳло беҳбудиро нишон доданд ва пас аз ҳашт моҳи табобат ӯ тавонист реҷаи ҳаррӯзаи дорувории худро коҳиш диҳад.

“Боварӣ дорам, ки табобатро ба анҷом мерасонам ва номи ман аз рӯйхати беморони сил хориҷ карда мешавад.”

Шаҳло мунтазам аз ташхис мегузарад, то ки табобаташро назорат кунад ва пешрафти онро мушоҳида намояд.

Имрӯз Шаҳло дигар гирифторони бемории силро ҳангоми табобат дастгирӣ мекунад ва ҷомеаи худро дар бораи аҳамияти ташхиси саривақтии сил ҳангоми пайдоиши нишонаҳо огоҳ менамояд. Вай аз он хушҳол аст, ки дар баробари дарёфти ризқу рӯзӣ ва нигоҳубини фарзандонаш ӯ як кори хайрро анҷом медиҳад.

«Ман аксар вақт таҷрибаи худро истифода бурда, умеди дигаронро ба ояндаи хушбахтона бедор мекунам. USAID ба ман кӯмак кард ва ман ба дигарон кӯмак менамоям, то ки занҷираи корҳои хайр гусаста нашавад”, – гуфт Шаҳло.

Шаҳло дар вохӯриҳо бо таъминкунандагони хизматрасониҳои зидди бемории сил, марказҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар шахсони гирифтори сил дар ноҳияи Норак фаъолона иштирок мекунад.

Аз моҳи июни соли 2020 инҷониб дар доираи лоиҳаи USAID оид ба барзам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ беш аз 19,000 нафар намояндагони аҳолии осебпазир ва зери хатари баланд дар Тоҷикистон, аз ҷумла пайвандони беморон, муҳоҷирон ва шахсони гирифтори ВНМО, мавриди ташхис қарор гирифтаанд. Лоиҳа ба Маркази ҳимоя аҳолӣ аз бемории сил барои табобати 577 нафар, ки аз моҳи январи соли 2020 инҷониб ташхиси сили ба дору тобовар доштаанд, кӯмаки техникӣ расондааст.

 

Ҷавобро гузоред

Your email address will not be published.