Баррасии нақшаҳои муштараки Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Фазои имконот»

30-уми август Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” (МҶҲАБС) бо самтҳои кумаки теҳникии шарики он Иттиҳодияи ҷамъиятии «Фазои имконот» дар доираи Лоиҳаи USAID оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон шиносои ва муҳокима кард.
 
Тибқи созишнома оиди ҳамкорӣ, мақсади расонидани кумаки теҳникӣ барои рушди сохтори теҳнологияҳои иттилоотии МҶҲАБС, навоварӣ ва бартарафсозии мушкилот дар раванди ҷоринамоии барномаҳои ҷамъовар ва таҳлили иттилоот дар сатҳи соҳаи зиддисиллӣ, равона шудааст.
 
Дар ҷаласа шаш вазифаи калидии кумаки техникии ИҶ «Фазои имконот» пешкаш ва муҳокима гардидаанд:
– Таҳияи воситаҳои техникӣ ва шаклҳои ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидори технологияҳои иттилоотии  МҶҲАБС
– Расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти вазифавӣ ва ҳамоҳангии сомонаи МҶҲАБС ва онлайн барномаҳо
– Расонидани кӯмакҳои техникӣ дар таҳияи буҷа вобаста ба таъмини пайвастаи фаъолияти технологияҳои иттилоотӣ (ТИ) ва системаҳои иттилоотӣ (СИ)
– Гузаронидани баҳодиҳии ҳолати техникии (инвентаризатсия) таҳҷизотҳои ТИ ва дастра, таъминот ва сурраътӣ пайвастаи интернет
– Таъмини доимӣ ва пайвастаи фаъолияти пурсамари инфросохтори ТИ ва СИ дар заминами МҶҲАБС ва муассисаҳои зиддисиллӣ
– Мусоидат дар кӯтоҳ намудани муҳлат аз дарёфти бемории сил то оғози табобат
 
Дар кисми ҷамъбасти, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби роҳбариат ва мутаҳассисони пешбари МҶҲАБС ба ИҶ “Фазои имконот” супоришҳо ва тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Ҷавобро гузоред

Your email address will not be published.