ҶАЛАСАИ БАРНОМАРЕЗИИ СТРАТЕГИЯҲОИ МУШТАРАК БАРОИ МУБОРИЗА БО СИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

4 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи «Ҳилтон», вохӯрии намояндагони USAID, Лоиҳаи USAID оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил (МҶҲАБС), мушовирони USAID оид ба сил ва амнияти ҷаҳонии тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла: Афиф, Амали нек, СПИН Плюс, Солимӣ, СВОН Плюс, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон ва Фазои имконот баргузор гардид.

Дар ҷаласа нақшаи корӣ ва афзалиятҳои лоиҳа барои давраи аз моҳи октябри соли 2024 то моҳи сентябри соли 2025 баррасӣ шуданд.

Ҷаласа бо усули интерактивӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён дар муҳокимаҳои ҷолиб, фаъолона иштирок намуда, якҷоя қадамҳои муштараки беҳтарсозии ташхис, табобат ва пешгирии силро таҳия карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба зарурати ҳамоҳангсозии талошҳои мубориза бо сил ва ВНМО дар ҳамаи сатҳҳои низоми тандурустии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи дигари ФХИ 360 оид ба амнияти ҷаҳонии тандурустӣ дода шуд.

USAID ва шарикони он омодагии худро барои такмил додани назорати эпидемиологии сил ва саҳм гузоштан дар беҳтарсозии низомҳои тандурустӣ тасдиқ карданд. Дар натиҷаи ҷаласа қарорҳои стратегии муҳим қабул карда шуданд, ки ба муборизаи самаранок бар зидди сил дар Тоҷикистон, беҳтар кардани ташхис, табобат ва риояи табобат аз ҷониби беморон ва инчунин мустаҳкам кардани робитаҳои шарикӣ байни созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд.

Ҷавобро гузоред

Your email address will not be published.