Барои супоридани 10 адад дастгоҳҳои рентгении портативи
Cанаи 24 октябри соли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода А.А. ва намояндагони БРСММ барои расман супоридани 10 адад дастгоҳҳои рентгении портативи бо зеҳни сунъӣ ба Марказҳои ҳимояи аҳоли аз бемории сили шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури, ки барои сари вақт дарёфт намудани бемории сил дар байни алоқамандон аз манбаҳои бемории сил ва гуруҳҳои зери хавф қарор дошта равона гардидааст, ҷамъомад баргузор гардид.
Дастгоҳҳои рентгении портативи бо зеҳни сунъӣ аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи глобалӣ аз ҷониби БРСММ харидори карда шудааст.
Мутахассисисон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури барои фаъолият намудани бо ин дастгоҳҳо аз ҷониби мутахассисиони сатҳи байналмиллалӣ омузонида шуда ва соҳиби сертификат гардиданд .