Кормандони ихтиёрӣ умедбахшанд
Мавлуда Давронова, омӯзгори 22 сола, сокини минтақаи шимоли Тоҷикистон мебошад, ки ба ҳайси корманди ихтиёрӣ омӯзиш мегирад, то ба шахсони гирифтори бемории сироятии сил дар ҷомеаи худ кӯмак расонад.
Чунин омӯзишҳо дар доираи лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Миёна гузаронида мешаванд. Бемории сил сабабгори асосии фавт миёни беморони сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад, инчунин аз сабаби ҳамбастагӣ бо камбизоатӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ доғи иҷтимоӣ низ дорад.
«Аз овони хурдсолӣ, вақте бори аввал фаъолияти гурӯҳҳои ихтиёрии гуногунро дар ноҳияамон медидам, мехостам ба ҳаракати ихтиёриён ҳамроҳ шавам».
Мавлуда аксар вақт ба назди шахсони гирифтори бемории сил, ки таҳти назорати ӯ қарор доранд, бо дастовез, яъне меваҳои ширин ва нони гарм ба аёдат меравад.
КОРМАНДОНИ ИҶТИМОИИ ОМОДА ВА ЛАЁҚАТМАНД
Баъд аз чанд ҳафта Мавлуда ба дарсхонӣ оғоз карда, дар ҷараёни ин омӯзишҳо ҳамроҳи дигар кормандони ихтиёрӣ дар бораи усулҳои зоҳир кардан ва табобати бемории сил дониш гирифтанд. Онҳо, инчунин, дар бораи ҷиҳатҳои иҷтимоии ин беморӣ, аз қабили машваратдиҳӣ оид ба ҳавасманд кардани шахси гирифтори бемории сил ба табобат ва мубориза бо доғгузорию табъиз дар робита ба бемории сил маълумот пайдо карданд.
ВОҚИФ БОШЕД, ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕД – БЕМОРИИ СИЛ ВА COVID-19
Дар айни замон, 100 корманди ихтиёрӣ дар панҷ ноҳияи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, маъракаҳои иттилоотӣ мегузаронанд, дар байни наздикони шахсони гирифтори бемории сил муоина ва таҳқиқ (скрининг) баргузор мекунанд. Илова бар ин, кормандони ихтиёрӣ раванди табобати шахси гирифтори бемории силро назорат менамоянд.
Ғайр аз ин, аз моҳи марти соли 2020 сар карда, кормандони ихтиёрӣ як қатор маъракаҳои иттилоотӣ баргузор намуда, ба узви ҷомеа оид ба пешгирии COVID-19 маълумот медиҳанд. Ҳар ҳафта, дар чорабиниҳои мазкур тақрибан 650 нафар фаро гирифта мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар тӯли ҳашт моҳи аввали фаъолияти лоиҳа, тақрибан 12 000 нафар аз муоинаю таҳқиқ (скрининг) гузашта, зиёда аз 800 нафар барои гузаштани санҷиши бемории сил равона гардиданд, ки дар натиҷа 43 нафар ҳамчун гирифтори бемории сил тасдиқ гардиданд.
Маъракаҳои иттилоотӣ дар кӯчаҳои вилояти Суғд оид ба чораҳои пешгирии бемории сил ва COVID-19
ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ДАСТГИРӢ
Кормандони ихтиёрӣ ба оилаҳо ва шахсони гирифтори бемории сили ба доруҳои гуногун устувор (БСДГУ) кӯмаки иҷтимоӣ низ пешкаш менамоянд. БСДГУ ин як навъи бемории сил мебошад, ки дар натиҷаи табобати нодуруст ва нопурра ба вуҷуд меояд. БСДГУ ба он оварда мерасонад, ки минбаъд онро бо маводҳои дорувории маъмули зиддисилӣ табобат кардан номумкин мешавад.
Айни замон, Мавлуда ҳар ҳафта ба аёдати Розияхон Иммомудинова, модари танҳои 50 сола рафта, ба ӯ доруҳои зиддисилиро мерасонад ва табобати ӯро назорат менамояд. Розияхон ҳанӯз соли 2017 ба бемории сили ба доруҳои гуногун устувор гирифтор шуда буд, аммо табобатро ҳамагӣ чанд моҳ пеш оғоз намудааст.
Розияхон мегӯяд: “Аз ташрифҳои Мавлуда ва ҳузури ӯ дар ҳаётам ҳангоми табобат хеле хушҳолам ва ҳис менамоям, ки танҳо нестам. Барои ман ин хеле муҳим аст. Ман зиндагии расо вазнинро паси сар кардаам ва қуввати мубориза бо ин бемориро надоштам, вале кормандони ихтиёрӣ маро водор карданд, ки табобатро оғоз намоям ва ваъда додан, ки тули табобат ва то шифо ёфтан бо ман ҳамроҳ хоҳанд буд.”