Конфронси панҷуми байналмилалӣ
Тошканд, Узбекистон, 16 сентябри соли 2021 — Имрӯз дар Тошканд панҷумин конфронси байналмилалӣ оид ба назорати ҳамгироишудаи бемории сил (ТБ) дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Чорабинии се рӯза аз ҷониби Вазорати тандурустии Узбекистон ва Маркази илмӣ-амалии ҷумҳуриявии ихтисосии тиббии фтизиатрия ва пулмонология бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Бонки рушди KfW ва шарикии “Иқдом барои боздоштани сил” ташкил шудааст.
Дар конфронс зиёда аз 300 корманд ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз Австралия, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Швейтсария, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Иёлоти Муттаҳида ва Узбекистон иштирок мекунанд. Мақсади чорабинӣ баланд бардоштани иқтидори ҳукумат барои таъмини маблағгузории устувори барномаҳои мубориза бо сил ва ҳалли мушкилоти вобаста ба пандемияи COVID-19 дар баробари мубориза бо бемории сил мебошад.
Сафири ИМА дар Узбекистон Дэниэл Розенблюм зимни суханронӣ дар чорабинӣ қайд кард: “Ин конфронс ҳамкории муҳим ва талошҳои ҳукуматҳои Осиёи Марказиро барои қатъ кардани паҳншавии бемории сил — бемории марговар, вале табобатшаванда нишон медиҳад. Иёлоти Муттаҳида беш аз сӣ соли шарикии худро бо ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои аз байн бурдани сил қадр мекунад. Талошҳои муштараки мо ба таври назаррас дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббиро беҳтар намуда, боиси коҳиши назарраси ҳолатҳои гирифторӣ ва марг аз сил дар муқоиса бо даҳ соли пеш гардиданд”.
“Мақсади стратегияи ТУТ «Аз байн бурдани сил» коҳиш додани сатҳи гирифторӣ ба сил ба 50 фоиз ва шумораи фавтҳо аз он ба 75 фоиз то соли 2025 нисбат ба соли 2015 мебошад. Барномаи миллии зиддисили Узбекистон барои расидан ба ҳадафҳои Иҷлосияи сатҳи баланди Маҷмаи умумии СММ оид ба ташхис ва табобати сил нигаронида шудааст, ки ба беморони дорои силии тобовар ба дору ва беморони кӯдакон диққати махсус медиҳад. Бо такя ба тавсияҳои ТУТ зиёда аз даҳ санади меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо сил таҳия шудаанд. Дар ҳамаи вилоятҳои ҷумҳурӣ сатҳи 100-фоизаи фарогирии табобати ҳамаи шаклҳои бемории сил, аз ҷумла, силии дорутобовар, ба даст оварда шуд, ки боиси табобати 90 фоизи беморон гардид. Вазорати тандурустӣ ҳоло ба самти афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои тиббию профилактикӣ диққати махсус дода, барои ошкор кардани барвақт ва пешгирии паҳншавии сил ва таъмини дастрасии ҳамаҷониба ба ташхис ва табобат саъй менамояд,” — зикр кард профессор Наргиза Парпиева, Директори Маркази илмӣ-амалии ҷумҳуриявии ихтисосии тиббии фтизиатрия ва пулмонология.
Гарчанде ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маҳдуд кардани паҳншавии бемории сил муваффақиятҳои назаррас ба даст овардаанд, шаклҳои дорутобовари он ҳамоно ҳамчун масъалаи афзалиятнок боқӣ мемонанд. Пандемияи COVID-19 вазъиятро мураккабтар намуд, зеро дастрасии беморон ба ташхиси беморӣ коҳиш ёфт.
Иёлоти Муттаҳида бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар тамоми минтақа барои мубориза бо ин бемории сироятӣ ҳамкорӣ мекунад. Дар Узбекистон кӯшишҳои муштараки USAID ва Барномаи миллии зиддисилӣ ба кам кардани вақти ташхиси силии дорутобовар аз 90 рӯз то чанд соат мусоидат карданд. Илова бар ин, барои коҳиш додани таъсири манфии пандемия ба ташхиси бемории сил, як тартиби нави озмоиши якҷояи сил ва COVID-19 таҳия гардид.
Ин чорабинӣ идомаи чор конфронси байналмилалии қаблӣ оид ба муборизаи ҳамгироишуда бо сил мебошад, ки бо дастгирии USAID дар Нур-Султон, Қазоқистон (соли 2019); Душанбе, Тоҷикистон (соли 2018); Бишкек, Ҷумҳурии Қирғизистон (соли 2017); ва Алмато, Қазоқистон (соли 2016) гузаронида шуданд.
USAID — муассисаи пешбари рушди байналмилалӣ дар ҷаҳон ва катализатор, ки барои ба даст овардани натиҷаҳо дар соҳаи рушд мусоидат мекунад. Барои маълумоти бештар вебсайти USAID дар Осиёи Марказӣ ва саҳифаи Facebook-ро боздид намоед.