ДАВРАИ ОМӮЗИШИИ КОР БО ДАСТГОҲИ 10 РАНГАИ GENEXPERT, КАРТРИҶҲОИ XPERT MTB/RIF ULTRA, XPERT MTB/XDR ВА ТАШХИСИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР КУДАКОН

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” (МҶҲАБС) дар ҳамкори бо Лоиҳаи USAID оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистономӯзиши кор бо дастгоҳҳои 10 рангаи GeneXpert, картриҷҳои Xpert MTB/RIF Ultra, Xpert MTB/XDR ва ташхиси бемории сил дар кудаконро ташкил намуданд.

42 нафар мутахассисони озмоишгоҳҳои зиддисилӣ кишвар бо тарзи кор ва нигоҳубини дастгоҳҳои 10-рангаи GeneXpert омӯзонида шудаанд. Дастгоҳҳои 10-рангаи GeneXpert дар муқоиса бо дастгоҳҳои 6 ранга, бо истифодаи аз картриджҳои Xpert MTB/XDR, имкони дарёфти шакли васеъ мутобиқгаштаи бемории силро доранд. Аз он ҷумла, муйян намудани муқовимат ба доруҳои зиддисилии зерин: изониазид, этионамид, фторхинолонҳо ва аминогликозидҳо (канамитсин, амикатсин, капреомитсин).  

То ворид намудани дастгоҳҳои 10-рангаи GeneXpert ва картриджҳои Xpert MTB/XDR, дарёфти шакли васеъ мутобиқгаштаи сил на камтар аз се рӯзро фаро мегирифт ваин ташхис танҳо дар озмоишгоҳҳои сатҳи марказӣ ва вилоятӣ гузаронида мешуд. Дар раванди давраи омӯзиши мутахассисони озмоишгоҳҳои зиддисилӣ ба ташхиси сил дар кӯдакон бо истифодаи намунаи фазла низ омӯзонида шуданд. Усули мазкур ғайриинвазивӣ буда, дар ҳолатҳое, ки гирифтани балғам аз кӯдакон душвор аст, дарёфти бемории силро дар кудакон осон менамояд.

Усулхои муосир имкониятҳои ташхиси силро дар Тоҷикистон, махсусан дарёфти ҳолатҳои силро дар кӯдакон ва муайян намудани шакли васеъ мутобиқгаштаи онро васеъ мегардонад.

Ҷавобро гузоред

Your email address will not be published.