Ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил дар в.Хатлон
USAID Ҳукумати вилояти Хатлонро барои ҷамъ овардани ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба бемории сил дастгирӣ мекунад
23 ноябри соли 2021 лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Ҳукумати вилояти Хатлонро дар баргузор намудани ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ бо ҷонибҳои манфиатдори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати баррасӣ намудани масалаҳо оид ба бемории сил дастгирӣ намуд. Дар вохурии мазкур намояндагони роҳбарикунандаи барномаи миллии ҳимояи аҳоли аз бемории сил, роҳбарони шабакаҳои муасиссаҳои КАТС, марказҳои зиддисилии 26 ноҳия ва дигар ташкилотҳои манфиатдор ширкат варзиданд. Иштирокчиён стратегияи миллии мубориза бар зидди бемории силро барои солҳои 2021-2025 оид ба ҷорӣ намудани реҷаҳои нави табобатии бемории сили ба дорувориҳои сершумор устувор (БСДСУ), инчунин душвориҳои вобаста ба муоина, дарёфт ва табобати БСДСУ дар вилояти Хатлон баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, иштирокчиён як қатор мавзуъҳоро, аз ҷумла таъсири COVID-19 дар дарёфти бемории сил, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои зиддисилӣ ва аҳамияти тақвият бахшидани маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустиро муҳокима намуданд. Дар асоси тавсияи раиси ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ, Ҳукумати вилояти Хатлон протоколи расмии давлатиро ифшо менамояд, ки дар он мушкилоти дар вохурӣ матраҳшуда ва равиши тавсияшуда барои ҳалли ҳар як масъала муфассал баён карда мешавад.
Ин аввалин вохурие буд, ки зиёда аз 90 нафар ҷонибҳои манфиатдорро аз тамоми марказҳои зиддисилӣ, шабакаҳои КАТС, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон, хадамотҳои кор бо муҳоҷирон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияҳои вилояти Хатлонро дар як ҷо ҷамъ овард. Ҷиҳати мусоидати ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии давомнок миёни тамоми ташкилотҳои барои табобат, пешгирӣ ва кумаки беморони сил ҷалбшуда, раиси ҷаласа ҷиҳати баргузор намудани вохуриҳои минбаъда барои банақшагирии амалисозии тавсияҳо ва роҳи ҳалли масъалаҳои дар протокол дарҷгардида изҳори нигаронӣ намуд.
Нишасти мазкур ҳамчун намуна пешкаш гардида, минбаъд дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд гузаронида мешавад.