Умарали Набиев
«Бемории сил ба бадани мо зарари худро мерасонад вале муносибат ва суханони шахсоне, ки қабл аз беморӣ ёру наздиконатон буданд, ба руҳи шумо сад маротиба зиёдтар зарар мерасонанд» – гуфт Умаралӣ Набиев.
“Мне было очень грустно не из-за моей болезни, а из-за отношения окружающих меня людей”
Умаралӣ Набиеви 50 сола аз зараре, ки бемории сил метавонад ба ҷисм ва руҳӣ инсон расонад, хабардор аст. Поймолкунии марбут ба бемории сил дар Тоҷикистон метавонад ба натиҷаҳои номатлуби табобат оварда расонад. Бинобар сабаби фаҳмиши нокифоя оиди сабабҳои гирифторшавӣ ба бемории сил ва усулҳои самараноки табобати бемории сил, аксар вақт ёру наздикон метавонанд аз шахси бемор ру гардонда, аз онҳо шарм доранд. Поймолкунӣ боиси таъхир дар ҷустуҷуи табобат ва риоя накардани реҷаи табобат гардад. Умаралӣ ду маротиба ба бемории сил гирифтор шудааст.
Дар соли 2011, вақте ӯ дар Федератсияи Русия дар дастгоҳи ордкашӣ кор мекард, Умаралӣ гирифтори бемории сил гардида, табобатро шуруъ намуд. Дар соли 2018 пас аз шаш моҳи бозгашт ба ватан дар шаҳри Нораки ҷануби Тоҷикистон, Умаралӣ аз гирифторшавӣ ба бемории сили бофтаҳои лимфатикӣ хабардор шуд.
Умаралӣ ба ёд меорад, ки чӣ тавр ҳангоми беморӣ ӯ ба ҳолатҳои тамғагузорӣ рӯ ба рӯ мешуд. – “Вақте ман бори дуввум гирифтори бемории сил шудам, ман ҳис кардам, ки чӣ тавр мардум бо ангушт ба тарафи ман ишора мекарданд. Ёру дӯстонам аз вохӯрӣ бо ман рӯ мегардониданд. Вақте ман ба ҷойе мерафтам, мардум аз он ҷо хеста мерафтанд. Ба назарам мерасид, ки ман дигар ба ҳаёти ҷомеа баргашта наметавонам”.
Умаралӣ аз ҳуқуқпоймолкунӣ, ки эҳссос мекард, наметавонист худро дар ҷомеа тасаввур кунад.
Дар муддати ду соли дароз Умаралӣ бо бемории сил мубориза мебурд. Ҳангоми рафти табобат Умаралӣ кунҷкобӣ зоҳир намуда, аз табибон пурсон мешуд, ки чӣ гуна ва кай дорувориҳои худро истеъмол намояд, чаро риоя намудани истеъмолкунии хӯроки солим муҳим аст ва чӣ гуна риоя намудани реҷаи табобат беҳтар аст. Умаралӣ тасмим дошт, ки бояд албатта шифо ёбад, аз ин лиҳоз, новобаста аз таъсирҳои номатлуб ӯ истеъмоли дорувориҳоро давом медод.
Дар аввали соли 2020, ҳанӯз дар реҷаи табобатӣ буданаш, ӯ дар яке аз ҷорабинии иттилоотии аз ҷониби кормандони саҳроии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ ва силшиноси маҳалӣ баргузор гардида, дар шаҳри Норак иштирок намуд.
Умаралӣ таасуроти худро оид ба чорабинии гузаронидаи лоиҳа ба ёд меорад – “Бори аввал ман муносибати мусбиро нисбати худ ҳис намудам. Суханони дастгирикунандаи кормандони саҳроӣ ба ман ва дигар шахсони гирифтори бемории сил умеди шифоёбӣ бахшид. Гуё ман қувват гирифта, нақшаҳои худро барои оянда тағйир додам”.
Умаралӣ дар тренинге, ки аз ҷониби лоиҳаи USAID оид ба аз байн бурдани бемории сил дар Осиёи Марказӣ ташкил шудааст, иштирок намуд.
Пас аз чорабинии иттилоотӣ, Умаралӣ зидди ноҳурматии нисбати ӯ зоҳиршуда баромад карданро сар кард. Ӯ ба мардум маълумот медод, ки бемории сил табобатшаванда буда, бемории ирсӣ нест.
Умаралӣ ҳатто як қадами ғайриоддӣ ниҳода, аз болои корманди маркази зиддисилии шаҳри Бохтар барои муносибати беэҳтиромона нисбати беморони гирифтори бемории сил шикоят намуд. Дар охир муносибати корманди тиб ғайри қобили қабул дониста шуд. Роҳбарияти маркази зиддисилӣ ба тамоми кормандони муассиса таъкид кард, ки нисбати беморони сил муносибати сазовор бояд кард.
Умаралӣ тавонист аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунад ва табобати муносиб бигирад.
Дар моҳи майи соли 2020 табиб ба Умаралӣ хабар дод, ки ӯ шифо ёфтааст. Умаралӣ аз ғалабаи худ хеле қаноатбахш шуда, ба барқарорсозии ҳаёти худ шурӯъ намуд. Ӯ ба ҷустуҷӯи кор оғоз кард ва хабардор шуд, ки лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар ҷустуҷӯи корманди саҳроӣ аст. Умаралӣ ба мансаби мазкур аризаи худро супорида, дар асоси дониши ҷадидаш оиди бемории сил ва омодагӣ барои расонидани кумак ба шахсони гирифтори бемории сил, ба мансаби мазкур таъин гардид. Дар ин вазифа, Умаралӣ фаъолона дар даёфти ҳолатҳои нави беморӣ мусоидат менамояд, ӯ ба шахсони бемор оиди риоя намудани реҷаи табобат машварат гузаронида, ба шахсони гирифтори бемории сили ба дору устувор кумаки иҷтимоиро мерасонад. Ӯ ҳатто яке аз мизоҷони худро омузонида, ӯро низ бо нозукиҳои кори корманди саҳроӣ шинос намуд. Ҳоло онҳо якҷоя ҷиҳати коҳиш додани ҳолатҳои бемории сил дар ноҳия Норак кору фаъолият мекунанд.
Чӣ дар кор ва чӣ дар рузғор, Умаралӣ дар мубориза бар зидди табъиз ва поймолкунии ҳуқуқҳои гурӯҳи осебпазир тавваҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Ӯ тавассути барномаҳои радиоӣ оиди аҳамияти дароз кардани дасти ёрӣ ба шахсони гирифтори бемории сил ва оиди бемории сил нақл менамояд.
Дар аввали соли 2021 лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Умаралиро корманди саҳроии беҳтарин эътироф намуд. Умаралӣ мегӯяд: “Ташаккури зиёд ба USAID, ки сифати зиндагӣ ва эътиқодамро нисбати тағйир дод. Ман барои барҳам додани бемории сил ва тағйир додани муносибати мардум нисбати шахсони гирифтори бемории сил тамоми кушишро ба харҷ медиҳам, зеро як сухани хуб метавонад табъро шод гардонида, барои шифоёбӣ ба бемор умед бахшад. Ман низ ҳамаи инро аз сар гузаронидаам”.
Дастгирии афроди гирифтори бемории сил барои риояи табобат ба онҳо як ҷузъи зиндагии ҳаррӯзаи Умаралӣ аст.
Аз моҳи июни соли 2020 лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ тақрибан 37 000 нафарро аз гурӯҳҳои осебпазир ва гурӯҳҳои хавфи баланд дар Тоҷикистон ва зиёда аз 100 000 нафарро дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз ташхис (скрининг) гузарониданд. Ба ин гурӯҳ шахсони дар тамос буда, муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони дорои ВНМО мебошанд. Инчунин, чорабинии мазкур ба 997 беморони гирифтори бемории сили ба дору устувор дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳавасмандӣ ба табобат кумаки иҷтимоиро расонид.