Шурои ҳамоҳангсозии оид ба бемории сил
Дар Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 03 августи соли 2023 ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии оид ба бемории сил шуда гузашт.
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии оид ба бемории сил бо сарпарастии муовини Вазири тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Амирзода А.А. баргузор гардид, ки дар он директорони Марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кормандони МҶҲАБС, шарикони рушд, ки дар самти бемории сил фаъолият доранд, иштирок намуданд. Дар ҷаласа таҳлили вазъи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2023 дар муқоисаи 6 моҳи соли 2022 гузаронида шуд. Дар охири кори ҷаласа вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар самти дарёфт, ташхис, табобат ва пешгири намудани бемории сил қарори дахлдор бароварда шуд.