Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ
Ҳамкории намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакилони мардумӣ ва рӯзноманигорону блогерон дар мубориза бо сил
Рӯзҳои 16-18 май Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (USAID ETICA) ва Маркази сиёсат ва тадқиқоти тандурустӣ (Маркази PAS) ҳамзамон ду чорабинӣ: Форуми созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ) оид ба ҳисоботдиҳӣ барои ҳадафҳои минтақавӣ ва глобалӣ оид ба бемории сил ва Семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Тақвияти инъикоси бемории сил дар ВАО»-ро баргузор карданд.
Дар ин чорабиниҳо намояндагони созмонҳои миллӣ ва маҳаллии ғайридавлатӣ (СҒД), ташкилотҳои шахсони гирифтори бемории сил, гурӯҳҳои ҷамоатӣ, созмонҳои динӣ, иттиҳодияҳои касбӣ, бунёдҳо, журналистону блогерҳо ва дигар ҷонибҳои дахлдор аз Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) ва Аврупои Шарқӣ (Украина, Молдова, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон) ширкат варзиданд.
Дар давоми се рӯз намояндагони нуҳ кишвари иштирокдори ҷаласа табодули таҷриба намуда, нақши вакилони мардумӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар таъмини ҳисоботдиҳӣ оид ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар пешорӯи Ҷаласаи сатҳи олии Ассамблеяи Генералии СММ оид ба бемории сил, ки моҳи сентябри соли 2023 баргузор мешавад, баррасӣ карданд.
Рӯзи сеюм ба Форум иштирокчиёни Саммити вакилони парлумони Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди бемории сил (созмондиҳандаи он Caucus Global TB) ва Семинари минтақавии «Тақвияти инъикоси бемории сил дар ВАО» (аз ҷониби Лоиҳаи USAID) ҳамроҳ шуданд. Иштирокчиёни се ҳамоиши мазкур, ки дар маҷмӯъ беш аз 100 нафар намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакилони парлумон, рӯзноманигорон ва блогерҳо аз Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ буданд, изҳороти муштарак омода карданд.
Дар изҳороти мазкур ҷонибдории намояндагони Форуми ҷаҳонии мубориза бар зидди сил ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ташаккули иродаи сиёсӣ ҷиҳати барҳам додани бемории сил, татбиқи нақшаи амалҳои муштарак барои ноилшавӣ ба вокуниши устувори сиёсии мубориза бо сил ва коҳиши таъсири пандемияҳои оянда дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ барои расидан ба ҳадафҳои Ҷаласаи сатҳи баланди СММ 2023 таъкид шудааст.