Сили устухон чӣ гуна беморӣ аст?
Умарҷонро соли 2017 бо ташхиси устухонхурак (остеомелит) дар беморхонаи маъруф ба “Қарияи Боло” ҷарроҳӣ карданд. Муддати панҷ сол аз ин беморӣ ранҷ мекашид. Охирҳои моҳи майи соли 2022 ба духтурони Муассисаи давлатии “Маркази милии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”, ки бо номи Мачитон (воқеъ дар шаҳри Ваҳдат) маъруф аст, муроҷиат намуду зери назорати онҳо қарор гирифт.
Умарҷон Абдуллоев дар оила фарзанди чорум буда, ҳамсолонаш дар синфи 3-юм таҳсил мекунанд. Аммо, ӯ бо сабаби беморӣ муваққатан натавонист ҳамроҳи ҳамсолонаш таълим гирад.
Модари Умарҷон, ки дар беморхона ӯро парасторӣ мекунад, дар суҳбат ба мо қайд кард, ки бемориро Худованд ба одам медиҳад ва шифояш низ аз ҷониби ӯст. “Дар ин муддат хешу табор, пайвандон моро дастгирӣ карданд, ба аёдатамон меомаданд. Бо дастгирии духтурони ин беморхона марҳилаҳои бемориро гузаронида истодаем ва то имрӯз ҳар табобат ва таъиноте, ки аз ҷони мутахасиссон таъйин карда мешавад, аз рӯи реҷаи муайян онро иҷро карда истодаем”, – гуфт ӯ.
Яке аз сабабҳои бемории сили устухон лат хӯрдан ё шикастани яке аз устухонҳои бадан маҳсуб меёбад. Яъне, дар ин давра волидон кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро ба духтурони хонагӣ бубаранд, ки ин амали онҳо ба оризаҳои дигар беморӣ, аз ҷумла сили устухонӣ оварда мерасонад, – гуфт Фирдавс Наботов, мудири шуъбаи сили устухони кӯдаконаи Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина.
Ӯ дар бораи бемории Умарҷон Абдуллоев, ки айни ҳол зери назорати онҳо қарор дорад, чунин гуфт: “Бемор пеш аз беморхонаи мо омадан ду маротиба бо ташхиси “остеомелит” ҷарроҳӣ мекунанд. Баъд аз ин мо муроҷиат карданд, мо муоинаҳоро гузарондем, тамография кардем ва ташхиси сили устухон гузошта шуд. Аз рӯи реҷаи табобат ду маротиба ҷаррроҳӣ гузаронида шуд ва доруҳояшро саривақти истеъмол намуда, вазнашро барқарор карда истодааст.”
Агар дар марҳилаҳои аввали беморӣ, ки нишонаи худро дорад, ба мисли ҳарорати баланд, кам шудани вазн, гум шудани иштиҳо дар бемор пайдо мешавад, муроҷиат намоянд, саломатии бемор дар муддати кутоҳ барқарор шуда, оризаҳо низ кам мешавад, – илова кард Фирдавс Наботов.
Азимов Иброҳим, муовини директори беморхона, зимни суҳбат дар бораи бистаришудагони гирифторони бемории сил қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир 207 бемор бистарӣ аст. Аз онҳо 4 нафар кӯдак ва 41 нафар бемори ғайрисилӣ ба монандӣ бронхит, диққи нафас, эхинокок ва бронхоэктаз мебошанд.
“Лозим ба ёдоварист, ки кӯдакони бемории сили устохондошта хориҷкунандаи микробактерия нестанд, зеро чӯбчамикроби бемории сил дар ҷое, ки иллат меёбад, фаъол мешавад. Бемороне, ки бори аввал муроҷиат мекунанду хориҷкунандаи беморӣ бошанд, 56 рӯз бистарӣ карда мешаванд ва баъд аз он, онҳоро рухсат дода, зери назорати худ мегирем. Табобати зиддисилӣ ройгон буда, беморон аз рӯи реҷаҳо бистарӣ карда мешавад”, – гуфт А. Иброҳимов.
Тибқи омори расмӣ дар соли 2022 нафарони бори аввал ба бемории сил бақайдгирифташуда 3925 нафарро ташкил медиҳанд, ки тақрибан 380 нафарашон кӯдакони то 18-сола мебошанд.