Барои пешгирию муолиҷаи бемории сил чиро бояд донист?

Аз 16 то 18 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Лоиҳаи USAID дар Осиёи Марказӣ оид ба барҳамдиҳии бемории сил ва Маркази сиёсат ва тадқиқоти тандурустӣ семинари минтақавӣ оид ба пурзӯр намудани инъикоси масоили вобаста ба сил доир гардид.

Дар чорабинии мазкур  намояндагони созмонҳои ғайридавлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, афроди гирифтори бемории сил, рӯзноманигорон ва блогерҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Се рӯз иштирокдорон нақши вакилони порлумон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори оммаро дар таъмини масъулият барои ҳадафҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар пешорӯи Ҷаласаи сатҳи баланди Ассамблеяи генералии СММ оид ба бемории сил ё, ки моҳи сентябри соли 2023 доир мешавад, баррасӣ намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода, аз ҷумла  чунин гуфт:

– Кори саммит хеле пурсамар буд ва баъди анҷоми он  Эъломияи  Душанберо байни ташкилотҳои ғайридавлатӣ имзо мекунем. Дар чорабинӣ андешаҳои  ҷолиб баён шуданд. Ин чорабиниҳо барои ба даст овардани натиҷаҳое равона шудаанд, ки моҳи сентябри соли равон дар СММ пешниҳод мешавад. Ин хеле муҳим аст, зеро  ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст то соли 2030 силро дар тамоми ҷаҳон нест кунанд.

ЧӢ ГУНА ТОЛИБҶОН БА БЕМОРОНИ СИЛ АНГЕЗА МЕДИҲАД?

– Соли 2014 дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия будам. Он вақт дар бораи ин беморӣ умуман маълумот надоштам, танҳо номашро медонистаму халос. Пас аз он, ки саломатиам бад шуд, маҷбур шудам ба Ватан баргардам. Чун  ба варзиши бокс шуғл доштам, вақти тамринҳо дӯстонам хулоса бароварданд, ки хеле заиф шудаам.  Як нафари онҳо, ки аз бемории сил огоҳӣ дошт, гуфт, нишонаҳои бемории силро дорӣ ва аз ташхис гузар. Чун аз ташхис гузаштам, маълум гашт, ки гирифтори ин бемориям. Равоншинос фаҳмонд, ки сил бемории табобатшаванда аст. Муддати 2 моҳ ҳар рӯз ба назди духтур рафта, доруҳоро истеъмол кардам. Баъд аз истеъмоли доруҳо қариб 1 соат худамро хуб ҳис намекардам. Ҳолатҳое мешуданд, ки номи худамро фаромӯш мекардам, яъне доруҳо таъсири худро мегузоштанд. Баъд аз 2 моҳ духтур ба ман бовар кард ва ман доруҳоро барои 1 ҳафта гирифта, мустақилона истеъмол мекардам. Хуллас, дар муддати 6 моҳ сиҳат шудам, — гуфт Толибҷон Каримов.

Ҳамсуҳбати мо илова намуд, ки пас аз шифоёбӣ пеши худ мақсад гузоштааст, ки ба дигар беморон мусоидат мекунад, то ки онҳо низ шифо ёбанд.

СИЛ ЧӢ ГУНА БЕМОРӢ АСТ?

Сил – бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он микобактерия (чӯбчамикроб)-и сил мебошад. Ба ин беморӣ бештар одамоне, ки иммунитети баданашон сусту заифу нотавон аст, ғизои носолим мехӯранд, камқуввату бемадоранд, дар шароити бади иҷтимоӣ ҳаёт ба сар мебаранд ва рӯҳафтодаю маъюс мебошанд, сироят меёбанд. Илова бар ин, сил ба наздикону атрофиёни шахси гирифтори сили шадид, маҳбусон, заноне, ки фосилаи байни таваллудро риоя намекунанд, нафарони мубталои ВНМО (ВИЧ), майхорагону нашъамандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, бекорон, одамони бесарпаноҳ, кӯдакони то 6-сола, ба одамоне, ки бемориҳои музмин (кӯҳна), ба  монанди диабети қанд, захми рӯдаю меъда, саратон доранд ва дар минтақаҳои аз нигоҳи вазъи эпидемологии сил пурхавф кору зиндагӣ мекунанд, таҳдид менамояд.

Тибқи тавсияи мутахассисон, дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳатман ба духтури минтақавӣ бояд муроҷиат намуд. Барои муайян намудани сил шахси бемор 3 маротиба балғам месупорад. Намунаи аввали балғам дар мавриди бори якум ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан, намунаи дуюм- саҳари рӯзи дигар, баъд аз шустани дасту рӯй, намунаи сеюм-дар беморхона, баъд аз гирифтани натиҷаи намунаи дуюм супорида мешавад. Балғамро дар озмоишгоҳ (лаборатория) аз санҷиши микроскопӣ мегузаронанд. Агар дар балғам чӯбчамикроби сил дарёфт шавад, ин маънои онро дорад, ки шахс бемори сил мебошад.

Доруҳои зиддисилӣ ва табобат ройгон аст. Мунтазам, то охир аз рӯйи нишондоди духтур истеъмол намудани доруҳо — роҳи ягонаи комилан шифо ёфтани бемории сил мебошад. Пас аз чанд муддат худро беҳтар ҳис кардани бемор ҳоло маънои онро надорад, ки ӯ пурра шифо ёфтааст. Дар шифоёбии беморони сил дар баробари доруҳо ғизоҳои босифат аҳамияти калон доранд. Таркиби ғизои беморон бояд аз сафеда бой бошад. Сафеда дар таркиби шир, гӯшт, тухм, моҳӣ форовон аст, бинобар ин истеъмоли чунин хӯрокҳо аз фоида холӣ нест.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

“Садои мардум”

Ҷавобро гузоред

Your email address will not be published.